Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Тоҷикистон боз 554 миллион $ қарз мегирад

Тоҷикистон боз 554 миллион $ қарз мегирад


23 октябр 2013, 14:38. Разместил: hd
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми октябр барномаи давлатии қарзгирии берунаро барои солҳои 2014-2016 ба тасвиб расонд, ки дар доираи он 554 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоӣ аз хориҷ қарз гирифта хоҳад шуд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, барномаи давлатии қарзгирии беруна дар ду соли оянда 50 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 31 созишномаи қарзиро дар бар гирифта, барои таъмини амнияти озуқа, энергетика ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум равона хоҳад шуд.

Айни ҳол қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 2,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон мояи нигаронӣ аст, вале масъулини Вазорати молия ин нишондодро дар доираи эътидол медонанд.

Вернуться назад