Главная > Қирғизистон > Бишкек аз Остона ба муҳоҷиронаш имтиёз талаб кард

Бишкек аз Остона ба муҳоҷиронаш имтиёз талаб кард


2 ноябр 2013, 11:18. Разместил: CV
Бишкек аз Остона хост, низоми бақйадгирии шаҳрвандони Қирғизистон ҳангоми вуруд ба Қазоқистон лағв карда шавад.

Жанторо Сотиболдиев, сарвазири Қирғизистон гуфт, ӯ ба ҳамтоёни қазоқи худ пешниҳод кардааст, то бақайдгирии шаҳрвандони кишвараш ҳангоми вуруд ба Қазоқистон то 90 рӯз аз байн бардошта шавад.

Ба гуфтаи Сотиболдиев, ҳоло ин низом ҳангоми вуруди шаҳрвандони Қазоқистон ба Қирғизистон риоя мешавад. Инчунин сарвазири Қирғизистон қайд кардааст, ки кишвараш қасди воридоти маҳсулоти нафтӣ ва ғалла аз Қазоқистон ва тамоюл ба тавсеаи лоиаҳи хатти интиқоли неруи барқи Қирғизистон-Қазоқистон дорад.

Сотиболдиев, ки имрӯз 2 ноябр зимни 4-умин ҷаласаи байниҳукуматии Қазоқистону Қирғизистон дар ин бора ҳарф мезад, аз иқдоми ҷониби Остона дар мавриди боз намудани гузаргоҳи марзии “Каркира” истиқбол карда, миннатдорӣ намудааст.

Вернуться назад