Главная > Тоҷикистон > Ҷонишини Раҳмон: 90%-и овоздиҳандаҳо дар интихобот ширкат мекунанд

Ҷонишини Раҳмон: 90%-и овоздиҳандаҳо дар интихобот ширкат мекунанд


6 ноябр 2013, 08:07. Разместил: hd
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, ки дар интихоботи раисиҷумҳури кишвар, ки имрӯз, 6-уми ноябр ҷараён дорад, беш аз 90 дарсади овоздиҳандаҳо ширкат хоҳанд кард.

Дар ин бора Сафар Сафаров, ҷонишини Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар мулоқот бо нозирон аз Асанблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил хабар додааст.

Сафаров, ки ҳамзамон раиси ситоди интихоботии номзади ҳизби ҳоким, Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нозирони ИДМ-ро бо рафти маъракаи интихоботӣ, барномаи номзадашон ва маблағгузории интихобот шинос намудааст.


Вернуться назад