Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Тема дня > Ташаккури Раҳмон барои ғолибият ва нахустин дастур ба Сафаров

Ташаккури Раҳмон барои ғолибият ва нахустин дастур ба Сафаров


8 ноябр 2013, 15:10. Разместил: hd
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо Сафар Сафаров, раиси ситоди интихоботии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва ноиби аввали ин ҳизб, барои ғолибияти дигарборааш изҳори миннатдорӣ намудааст.

Тавре аз Ҳизби халқӣ-демократӣ хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Сафаров ба тамоми фаъолони ситоди марказӣ, ситодҳои вилоятию ноҳиявӣ ва вакилони парлумону шахсони боэътимодаш арзи миннатдорӣ намуда, дастур додааст, акнун тамоми нерӯ барои татбиқи барномаи пешазинтихоботияш равона гардад. Раисиҷумҳур гуфтааст, татбиқи барномааш барои таҳкими ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Сафар Сафаров ба раисиҷумҳур ваъда додааст, ки аъзои ҳизб содиқона аз пайи татбиқи барномаҳои пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд шуд.

Вернуться назад