Главная > Тоҷикистон, Мусоҳибаҳо > Нороҳатии қаҳрамони “Пусть говорят” аз иттилои расонаҳои тоҷикӣ

Нороҳатии қаҳрамони “Пусть говорят” аз иттилои расонаҳои тоҷикӣ


9 ноябр 2013, 10:10. Разместил: hd
Шаҳзода Абдураҳимова, ҳамсари Саид Шарифов, ки ахиран дар барномаи “Пусть говорят”-и шабакаи аввали Русия иштирок карда, хиёнаткории шавҳарашро ифшо намуд, аз матолиби бархе расонаҳои тоҷик, ки ӯро пастзанандаи шаъни зани тоҷик хондаанд, изҳори норозигӣ кард.

Шаҳзода Абдураҳимова дар тамос бо хабаргузории “Озодагон” гуфт дар як ҳафтанома матлаберо бо номи “Обрӯи тоҷикро резонд” хонда, хеле ғамгин шудааст. Шаҳзода гуфт, “муаллифи ҳамон мақола навиштааст, ки зани тоҷик айбу шармро надониста аз Тоҷикистон барои ба даст овардани шавҳараш рафтааст. Чунин афрод аввал аз наздик омада аҳволи маро бинанд баъд рафта танқид кунанд. Обрӯи марди тоҷикро дар замин задӣ гуфта менависанд боз. Аввал фаҳманд, ки ман ба қадом мақсад рафта будам. Боз навиштаанд, ки ман аз инҷо рафтам вайро шарманда карда бошаму ба ҳамин хотир Саид наомадааст”.

Ин дар ҳолест, ки пас аз пахши барномаи “Пусть говорят” бисёре аз сокинони Тоҷикистон аз рафтори Шаҳзода, истиқбол намуда, ҳатто изҳори омодагӣ карданд, ки ба ӯ кӯмак намоянд. Шаҳзода Абдураҳимова дар мавриди дарёфти кӯмак аз ҳамватанон изҳор дошт, ки ба ҷуз Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, дигар касе ба ӯ кӯмак нарасондааст: “Наздикони Зайд Саидов ба хонаамон омада, кӯмак карданд. Ба писарам “ноутбук” оварданду ба худам маблағ доданд”.

Шаҳзода Абдураҳимова, модари се фарзанд аст, ки ахиран дар барномаи “Пусть говорят” хиёнати шаваҳарашро ифшо намуд. Шавҳараш Саид Шарифов даҳ сол пеш ба нияти дарёфти маблағ хонаводаи худро дар Душанбе танҳо гузошта, ба Русия рафтааст ва он ҷо бо як зани ҷавони рус хонадор шудааст.



Вернуться назад