Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Намояндаи НАТО ба Раҳмон: “Мунтазири Шумо дар Брюселем”

Намояндаи НАТО ба Раҳмон: “Мунтазири Шумо дар Брюселем”


15 ноябр 2013, 11:02. Разместил: MG
Бо гузашти ҳашт рӯз аз эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии Тоҷикистон унвонии ӯ барқияҳои шодбошӣ мерасад.

Бино ба иттилои торнамои расмии президенти Тоҷикистон ахиран, Жан-Клод Юнкер, сарвазири Люксембург бо ирсоли номае аз номи ҳукумати Гертсогии Бузурги Люксембург Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот муборакбод гуфтааст. “Умедворам, муносибатҳои дуҷониба байни кишварҳоямон ва мардумони Тоҷикистону Люксембург боз ҳам тавсеа меёбанд”,-гуфта шудааст дар мактуб.

Милош Земан, президенти Чехия бошад, изҳори хушнудӣ кардааст, ки “муносиботи байни кишварҳоямон бомуваффақият ва дӯстона давом карда, дар ҳама соҳаҳо муваффақона рушд мекунанд. Мутмаинам, ки кӯшишҳои якҷояамон ҳифзи ин раванди мусбатро дар оянда низ таъмин мекунанд”.

Ҳамчунин, ба иттилои торнамои президент, Тсахиагийн Элбегдорҷ, президенти Муғулистон ва Мамнун Ҳуссайн, раиси ҷумҳури Покистон ҳам Эмомалӣ Раҳмонро шодбош гуфтаанд.

Ҷеймс Аппатурай, намояндаи махсуси Дабири кулли НАТО дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бошад, дар номаи шодбошии худ мегӯяд: “Интизорам, ки бо Шумо дар рушди муколама ва ҳамкорӣ байни Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва Тоҷикистон фаъолиятро идома диҳам. Боварӣ дорам, ки мо метавонем муносибати Тоҷикистонро бо Алянс тавассути дастгирии талошҳои ислоҳот бо Барномаи шарикии инфиродй ва ҳамкорӣ таҳким намоем. Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ мунтазири истиқболи Шумо дар шаҳри Брюссел аст”.

Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи 6 ноябр 84,23 дар сади овозҳои интихобкунандаҳоро ба даст овардааст. Қарор аст, фардо, 16 ноябр маросими савгандёдкунии ӯ баргузор шавад.

Вернуться назад