Главная > Узбакистон > Барканории раиси Корхонаи газ бо дастури ҳукумат

Барканории раиси Корхонаи газ бо дастури ҳукумат


18 ноябр 2013, 16:36. Разместил: CV
Туляган Ҷураев, раиси Ширкати саҳомии “Узтрансгаз”-и Узбакистон аз симаташ барканор шудааст.

Ба иттилои расонаҳои расмии Узбакистон, Ҷураев бо дастури ҳукумати ин кишвар ба истеъфо фиристода шуд. Вале мақомоти узбак далели ин иқдоми худро шарҳ надодаанд. Манбаъ мегӯяд, Туляган Ҷураев, аз соли 2010 ба ин сӯ, раҳабарии ширкати мазкурро ба зимма дошт, ки интиқол ва таъминоти газ дар қаламрави Узбакистонро назорат мекунад.

Шӯрои назоратии “Узтрансгаз”-и Узбакистон ба ҷои Ҷураев, Баҳодур Эшмуродов, муовини раис ва сармуҳандиси ин ширкатро раҳбари худ интихоб кард.

“Узтрансгаз” корхонаи зертобеи Ширкати “Узбакнафтегаз” мебошад, ки тамоми интиқол ва таъминоти нафтӣ дар Узбакистонро идора мекунад. Ширкати “Узтрансгаз” дар як сол ҳудуди 70 миллион метри мукааб газ содир менамояд, ки аз он 10 то 12 миллиард метри мукаабаш ба кишварҳои хориҷу ҳамсояи Узбакистон, аз ҷумла Русия ва Чин фурухта мешавад.

Вернуться назад