Главная > Тоҷикистон, Мусоҳибаҳо > Бозор Собир: “Абсолютно не важно. Мефаҳмед? No important!”

Бозор Собир: “Абсолютно не важно. Мефаҳмед? No important!”


19 ноябр 2013, 15:52. Разместил: administrator
Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик ва дорандаи ордени “Ситораи Президент”, ки баъд аз 19 соли зиндагӣ дар хориҷа барои иқомати доимӣ ба Ватан баргаштааст, мегӯяд, чигунагии таҷлил аз 75-солагии ӯ барояш аҳамияте надорад.

Ин шоири тоҷик рӯзи 19 ноябр дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, айни замон дар манзили зисташ қарор дорад ва барои ҷашни зодрӯзаш ҳам омодагии хосе нагирифтааст. “Намедонам, ин ҷашн чӣ хел мегузарад. Зодрӯз ҳам имрӯз нест, фардост. Ҳоло чизе гуфта наметавонам. Вале бароям ҳеч чиз муҳим нест. Не важно. Обсолютно не важно. Мефаҳмед? No important!”,-таъкид кард ӯ.

Мусоҳиби мо афзуд, барои як гуфтугӯи комил фурсат надорад ва хост, баъд аз зодрӯзаш бо ӯ тамос бигирем. Вале Бозор Собир дар ҳоле ин ҳарфҳоро ба забон овард, ки ба гуфтаи Низом Қосим, вакили парлумон ва яке аз дӯстони наздики шоир, маҳфили шеъри ӯ бегоҳи 22 ноябр дар толори Театри опера ва балети ба номи Устод Айнӣ баргузор хоҳад шуд. Ба қавли Низом Қосим, ин маҳфил хеле хоксорона ва бо ҳузури дӯстону ҳаводорони шеъри Бозор Собир мегузарад, ки ба ҷашни 75-солагияш бахшида шудааст.

Бозор Собир рӯзи 20 ноябр ба синни 75 мерасад. Вай аз ин ҳисоб 19 соли умрашро дар Русияву Амрико гузаронда, моҳи майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иқомати доимӣ ба Ватан баргашт. Ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, ба сар мебарад. Бозор Собир соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар Ҳисор гирифтааст. Баъд аз хатми факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1962 барои кор ба нашрияи “Маориф ва маданият” рафта, баъдан корро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва нашрияи “Адолат” идома медиҳад.

Вай аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеъри ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.

Бозор Собир нафаре дониста мешуд. ки дар вақти пойбарҷоии Шӯравӣ бар хилофи аксар шоирони тоҷик аз доҳиву раҳбаронаш пуштибонӣ накарда ва дар васфашон низ шеъре нагуфтааст. Вале баъд аз ҳиҷраташ ба Амрико вай дар тамоми маҷмӯаҳои шеъри худ ёде аз Ленину Сталин ва хубиҳои Шӯравӣ карда, низоми давлатдории Амрико ва муттаҳидонашро ба боди танқид кашидааст.

Вернуться назад