Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Тағйири раисони Ванҷу Рӯшон ва Шуғнону Ишкошим
Главная > Тоҷикистон, Тағйироти кадрӣ, Сиёсат > Тағйири раисони Ванҷу Рӯшон ва Шуғнону Ишкошим

Тағйири раисони Ванҷу Рӯшон ва Шуғнону Ишкошим


19 ноябр 2013, 23:27. Разместил: MG
Эмомалӣ Раҳмон, президенти тозаинтихоби Тоҷикистон имрӯз, 19 ноябр бо судури як қатор фармон раҳбарони навоҳии Рӯшон, Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ)-ро аз вазифа озод ва бархеи онҳоро ба вазифаҳои дигар таъин кард.

Қобиламо Ғуломшоева бо далели ба нафақа рафтан, аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон озод ва Худоёр Худоёров иҷрокунандаи раиси ин ноҳия таъин гардид. Зикрихудо Самадов ба ҷои Акрамхон Кучакшоев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ишкошим шуд. Амрихудои Дамдор аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ озод ва курсии ӯ ба ихтиёри Давлатбибӣ Раҷабова гузошта шуд.

Президенти кишвар Азиз Гиёевро ба ҷои Шодихон Ҷамшедов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон таъин кард. Тавре қаблан хабар додем, Шодихон Ҷамшедов ба курсии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон такя зад. Ӯ дар ин симмат Қодири Қосимро иваз намуд, ки раҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ таъин гардид.

Вернуться назад