Главная > Тоҷикистон > Идомаи ифшокориҳои Гулнора: Модарам падарамро фиреб карда истодааст

Идомаи ифшокориҳои Гулнора: Модарам падарамро фиреб карда истодааст


25 ноябр 2013, 10:39. Разместил: hd
Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, бегоҳи 22-юми ноябр дубора ба шабакаи Твитер баргашта, иттиҳомот алайҳи модараш, Татяна Каримоваро оғоз кардааст.

Гулнора менависад, “Модари азизам! Медонам, ки бодиққат навиштаҳои маро мехонӣ ва ҳамарӯза ба сари масъулини хадамот дод мезанӣ, ки чаро наметавонанд, твитерро банданду ба даҳани ман муҳри хомӯшӣ зананд. Ман ин ҳамаро бо таассуф назора дорам.”

Дар идома Гулнора Каримова модарашро дар боздошти ҷонибдорони худ ва тақаллубкорӣ гунаҳкор мекунад: “Ин мубориза бо мухолифин нест. Ин як беқонуниятие аст, ки модарам ташкил кардааст. Дар ин фазо дилхоҳ касро барои дилхоҳ ҷиноят гунаҳкор кардан имкон дорад.”

Духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон инчунин аз он шикоят дорад, ки модарашро падарашро фиреб дода, монеи мулоқоташон шудааст: “Модарам ба атрофиёни падарам фармоиш додааст, ки маро наздаш нагузоранд бо ӯ пайваст накунанд.”

Каримова менависад, акнун вақте ба чунин ҳолат гирифтор шудааст, амиқан зарурияти созмонҳои ҳомии ҳуқуқро дарк кардааст ва таъкид намудааст, ки бояд фаъолияти худро дар Узбакистон густариш диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки духтари бузурги Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, 21-уми ноябр дар изҳороти худ модару хоҳарашро барои аз худ кардани тиҷорату чанд ширкати хусусӣ, аз ҷумла бозори “Абу Сахӣ” ва додугирифти пинҳонӣ бо Туркияву Чин муттаҳам намудааст. Вай дар идома дар бораи холабачааш Акбар Абдуллоев низ сухан гуфтааст, ҳоло дар зиндон нигаҳдорӣ мешавад. Гулнора гуфтааст, Акбар ба тиҷорати модару хоҳараш кумак мекард ва вақте бо хоҳиши холабачааш хостааст ӯро ба назди Ислом Каримов бубарад, модараш ӯро ба зиндон андохтааст.

Ба иддаои Гулнора Акбар кори 25 иншооти тиҷоративу иҷтимоиро дар Узбакистон назорат мекардааст, ки фоидаи онро модару хоҳараш – Лола мегирифтаанд. Вай навишта, ки аз модараш хост, то Акбар зиндонӣ нашавад, аммо натиҷа надод. “Акбар ҳоло мисли бомбаест, ки бо мурури вақт метаркад, чунки дар бораи корҳои сиёҳи модарам иттилои хеле зиёд дорад”,-илова кардааст Каримова.

Духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон тамоми мушкилоте, ки ҳоло дорад, аз модари худ дида ва навиштааст, “ӯ ҳамон ваъдаашро иҷро мекунад. Аммо, мутаассифона, аз ин баҳсҳои афроди наздик одамони зиёде ранҷ мебаранд.”

Гулнора Каримова духтари калонии Ислом Каримов, президенти Узбакистон аст. Гулнораро дар чанд соли қабл вориси аслии курсии падар медонистанд. Аммо чанд вақти ахир дар мавриди сардӣ миёни ӯ ва падараш сару садоҳои зиёде ҳаст. Ҳатто гуфта шуд, Ислом Каримов Гулнораро задааст. Ҳоло чаҳор шабакаи телевизионии марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор гирифтанд. Хонум Каримова ин овозаҳоро таъйид ва иқдоми мақомоти қудрати кишварашро ғайриқонунӣ унвон карда буд.

Вернуться назад