Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Шаҳрванди Тоҷикистон мошинашро бо 39 тонна сӯзишворӣ партофта, гурехтааст

Шаҳрванди Тоҷикистон мошинашро бо 39 тонна сӯзишворӣ партофта, гурехтааст


26 ноябр 2013, 10:39. Разместил: hd
Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, аз қочоқи 39 тонна маводи сӯхт ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти ВКД шаби 21-уми ноябр, дар вилояти Бодканд мақомоти пулис ва марзбонии қирғиз мошини тамғаи «Foton» -ро бо присеп боздошт кардаанд: “Ронандаи ин мошин, шаҳрванди Тоҷикистон, ба амри мақомот итоат накарда, талош намудааст, ба тариқи деҳаи Добо Қара Булоқи Бодканд ба ноҳияи Исфара паноҳ барад.”

Аммо дар ниҳоят мошин боздошт гардида муайян шудааст, ки дар дохилаш 39 тоннаю 326 литр сӯзишвории қочоқӣ будааст: “Худи ронанда, зимни боздошт тавонистааст, фирор кунад ва ба қаламрави Тоҷикистон гузаштааст.”

Мақомоти қирғиз мегӯяд, мошин бо сӯзишвории қочоқӣ ба истгоҳ расонда шудааст ва айни ҳол масъалаи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса баррасӣ мешавад.

Вернуться назад