Главная > Қазоқистон > Гумрук ва Вазорати умури дохилӣ фасодзадатарин ниҳод эълон шуданд

Гумрук ва Вазорати умури дохилӣ фасодзадатарин ниҳод эълон шуданд


2 декабр 2013, 09:47. Разместил: CV
Додситонии кулли Қазоқистон мегӯяд, аз аввали соли ҷорӣ беш аз 400 ҳолати коррупсиониро ошкар кардааст, ки дар он кормандони мақомоти қудратии ин кишвар муттаҳам мешаванд.

Тибқи иттилои расонаи “Tengrinews”, Асхат Даулбаев, дотситони кулли қазоқ гуфтааст, дар давоми 11 моҳи охир 431 ҳолати ришваситонӣ ифшо карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар аксари ин ҳолатҳо кормандони гумрук ва пулис айбдор дониста мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Додситонии кулли Қазоқистон Вазорати умури дохилӣ ва Гумруки ин кишварро фасодзадатарин ниҳод эълон кардааст. Асхат Даулбаев аз ин раванд нигаронӣ карда, гуфтааст, ин амали кормандони ниҳодҳои мазкур эътимоди мардум ба мақомоти қудратиро аз байн хоҳад бурд.

Бояд гуфт, ба ҳайати ниҳодҳои қудратӣ, мақомоти додситонӣ, Вазорати умури дохилӣ, гумрук, Хадамоти давлатӣ-оташнишонӣ ва пулиси молӣ шомил мешаванд.

Вернуться назад