Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Масъулони Кумитаи забон аз матлаби Тутубалина хабар надоранд

Масъулони Кумитаи забон аз матлаби Тутубалина хабар надоранд


7 декабр 2013, 09:56. Разместил: administrator
Нусхаи матлаби Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”, ки як гурӯҳ зиёиёнро алайҳи ӯ шӯронд, ҳанӯз барои баррасӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳот ирсол нашудааст. Дар ҳоле ки 13 ноябри соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт гуфта буд, барои ташхиси лингвистӣ матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро ба Кумитаи забон ва истилоҳот мефиристад.

Амирҳамза Сатторов, масъули қабулгоҳи Кумитаи забон ва истилоҳот, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба унвонии онҳо ягон маводе наомадааст. “Аз тамоми шӯъбаҳои Кумита пурсидам, дар мавриди ин масъала касе хабар надорад”,-афзуд ӯ.

Иттиҳодияи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Ин панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.

Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

Вернуться назад