Главная > Тоҷикистон, Акс > АКС: Омодагии Хуҷанд барои таҷлил аз Соли нави 2014

АКС: Омодагии Хуҷанд барои таҷлил аз Соли нави 2014


11 декабр 2013, 15:39. Разместил: administrator
Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, барои таҷлил аз Соли нави милодии 2014 омода мешавад. Ба ин муносибат дар баъзе аз гӯшаҳои шаҳр 7 арчаи сунъӣ гузошта, оро додаанд.

Яке аз баландтарин арчаҳо 17 метр дарозӣ дошта, дар хиёбони Камоли Хуҷандӣ қомат афрохтааст. Қарор аст, аз 15 декабр то фарорасии Соли нави 2014 дар назди ин арча консертҳо баргузор гардад. Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон аз рӯи тақвим рӯзи истироҳатист ва гурӯҳи бузурги сокинон онро бо оро додани арчаву баргузории маҳфилҳои хурсандӣ истиқбол мекунанд.

Вале мухолифони ин ҷашн низ дар Тоҷикистон кам нестанд ва борҳо алайҳи таҷлили он сӯҳбат кардаанд. Мухолифони таҷлил аз Соли нави милодӣ мегӯянд, ин ҷашн ба милоди Масеҳ, паёмбари насрониён, иртибот мегирад, ки барои мусулмонҳо дуруст нест. Мақомот дар посух ба чунин иддао гуфтаанд, ин ҷашн аз даврони ҳукумати Шӯравӣ ба мерос монда, на ба ҳайси ҷашни мазҳабӣ, балки ба унвони ивазшавии тақвим таҷлил мегардад.


АКС: Омодагии Хуҷанд барои таҷлил аз Соли нави 2014

АКС: Омодагии Хуҷанд барои таҷлил аз Соли нави 2014

АКС: Омодагии Хуҷанд барои таҷлил аз Соли нави 2014

АКС: Омодагии Хуҷанд барои таҷлил аз Соли нави 2014

АКС: Омодагии Хуҷанд барои таҷлил аз Соли нави 2014

АКС: Омодагии Хуҷанд барои таҷлил аз Соли нави 2014

АКС: Омодагии Хуҷанд барои таҷлил аз Соли нави 2014


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад