Главная > Тоҷикистон > Маҳсулоти арзони шишагӣ дар шимоли Тоҷикистон

Маҳсулоти арзони шишагӣ дар шимоли Тоҷикистон


5 август 2011, 04:43. Разместил: administrator
Корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагини шаҳри Қайроққум маҳсулоташро нисбати маҳсулоти аз хориҷа воридшуда арзон ба фурўш гузоштааст.


Тибқи иттиллои вазорати энергетика ва саноат, ин корхона метавонад дар як сол то 1, 3 миллион м2 шишаи сохтмонӣ ва 25 миллион дона зарфҳои шишагӣ истеҳсол намояд. Гуфтанист, корхонаи мазкур дар заминаи ҶДММ «Корхонаи нонпазӣ-қаннодӣ» таъсис ёфтааст. Айни ҳол 150 нафар дар ин корхона ба ҷойҳои нави корӣ таъмин гардида, дар назар аст шумораи онҳо дар оянда ба 200 нафар расонида шавад. Корхонаи мазкур ҳамарўза кариб, ки 2 ҳазор м2 шишаи ғафсияш то 6 мм истеҳсол  мекунад. Арзиши шишаҳои истеҳсолнамудаи ин корхона дар бозорҳои кишвар 4 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбати шишаи аз хориҷа воридшуда тақрибан 2 баробар арзон мебошад, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}

Вернуться назад