Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Таъини раисони Исфараю Ваҳдат ва мақоми нави Девонаев
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Таъини раисони Исфараю Ваҳдат ва мақоми нави Девонаев

Таъини раисони Исфараю Ваҳдат ва мақоми нави Девонаев


13 декабр 2013, 16:55. Разместил: administrator
Рӯзи 13 декабр раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбарони баъзе аз шаҳру навоҳии кишварро иваз карда, дар сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Вазорати умури дохилӣ, тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Раҳмоналӣ Амиров, раиси шаҳри Исфара, аз мақоми худ барканор шуда, раиси шаҳри Ваҳдат таъин гардидааст. То ин муддат дар курсии раиси Ваҳдат -- Анвари Вайсиддин такя зада буд. Ҳоло Даврон Зоҳидов иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара мебошад. Инчунин, Имом Мирзоев иҷрокунандаи вазифаи раиси Файзобод, Амирбек Маҳмадалиев, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ёвон ва Саидбурҳон Абдураҳмонов иҷрокунандаи вазифаи раиси Дарвоз таъин шудаанд.

Сафиалло Девонаев, раҳбари пешини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки баъд аз барҳам хӯрдани ин хадамот ва дар ихтиёри вазорати меҳнат гузаштани вазифаҳои он, бе мансаби баланд монда буд, ба курсии сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккили Вазорати умури дохилӣ нишастааст. Қаблан ин вазифаро Ҷӯрахон Зоиров ба ӯҳда дошт, ки ҳоло сардори Академияи Вазорати умури дохилӣ таъин гардидааст. Анвар Бобоев вазифаи пешини Сафиалло Девонаевро ба дӯш гирифтааст.

Маҳмадсаид Пиров, собиқ директори телевизиони “Сафина”, ки солҳои охир дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ машғули кор буд, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин шудааст. Оқои Пиров дар ин мақом Миралӣ Достиевро иваз кард, ки ҳамагӣ чанд рӯзи пеш раҳбари Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таъин шуда ва ба кор оғоз намуд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, инчунин, сардорони як қатор раёсатҳои сохтории Вазорати умури дохилӣ ва шӯъбаҳои зиёди он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз шудаанд. Аз ҷумла, Ҷалолиддин Садриддинов, ки мушовири вазири умури дохилӣ буд, сардори дафтари матбуот шуда, дар ин вазифа Маҳмадулло Асадуллоевро иваз кардааст. Оқои Маҳмудллоев ба раёсати амнияти Вазорати умури дохилӣ гузаштааст. “Чанд тағйироти кадрии дигар дар мақомоти амният ва назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳам Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон амалӣ карда шуд”,-гуфт манбаъ. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин кадрҳоро ба ҳузур пазируфта, аз онҳо даъват кардааст, ки софдилонаю содиқона ба халқу Ватан хидмат намоянд.

Вернуться назад