Главная > Тоҷикистон > Игор Сатторов аз “Талко” ба Вазорати умури хориҷӣ меояд

Игор Сатторов аз “Талко” ба Вазорати умури хориҷӣ меояд


14 декабр 2013, 10:54. Разместил: administrator
Игор Сатторов, сардори Идораи таҳлил ва иттилооти ширкати “Талко”, аз ҳафтаи оянда ба ҳайси сухангӯи вазири умури хориҷии Тоҷикистон корро оғоз хоҳад кард. Як манбаи “Озодагон” дар ин бора иттилоъ дода ва гуфт, қарор аст, муаррифии Сатторов оғози ҳафтаи оянда сурат бигирад.

Игор Сатторов дар гузашта, аз соли 1995 то 2007, низ ба ҳайси сухангӯ дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Вай соли 2007 мушовири сафири Тоҷикистон дар Олмон таъин шуда, баъдан барои кор ба ширкати “Талко” омад. Оқои Сатторов 53 сол дошта, факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1994 ба корҳои дипломатӣ машғул аст.

Дар ҳоли ҳозир Абдулфайз Атоев сухангӯи Вазорати умури хориҷист. Вай моҳи апрели соли ҷорӣ ба ин мақом таъин шуда, Давлат Назриро иваз карда буд. Оқои Атоев то соли 1993 бештар ба фаъолиятҳои хабарнигорӣ машғул буда, баъд аз он ба фаъолиятҳои дипломатӣ пардохтааст. Дар ин муддат ба ҳайси дипломат дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Эрон ва Афғонистон ва ҳамчун консул дар Қундуз ифои вазифа намудааст.


Акс аз саҳифаи Фейсбуки Игор Сатторов

Вернуться назад