Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Шералӣ Кабиров: "Ба ҳеч ваҷҳ ТАЛКО-ро намефурӯшем"

Шералӣ Кабиров: "Ба ҳеч ваҷҳ ТАЛКО-ро намефурӯшем"


23 декабр 2013, 13:42. Разместил: hd
Масъулони “ТАЛКО”, корхонаи алюминиюми тоҷик, рӯзи 23 декабр бо баргузории нишасти хабарӣ аз вазъи мушкили молии ин ширкат иттилоъ дода, таъкид намуданд, ки ниёз ба дастгирии молии давлат доранд.

Шералӣ Кабиров, мудири ТАЛКО оид ба молия ва тиҷорат, эълон намуд, ки ширкаташон дар вазъи ногувори молӣ қарор дорад. Ӯ таъкид кард, 70-80 дарсади истеҳсолгарони алюминий дар ҷаҳон бидуни фоида кор мекунанд ва барои самаранокии ТАЛКО дастгирии давлат лозим аст: “Нархи як тонна алюмний то 1695 доллар дар бозори ҷаҳонӣ расидааст, ки пасттарин нишондод дар соли равон аст. ТАЛКО инчунин бо сабаби тӯлонӣ будани роҳи нақлиётӣ, тарифи баланди нерӯи барқ, дурӣ аз манбаъҳои ашёи хом ва нархи гарони роҳи оҳан зиёни молӣ мебинад.”

Дар ҳамин ҳол, масъулини ТАЛКО бо зикри Русия ва Чин, ки корхонаҳояшонро дастгирӣ мекунанд, аз давлати Тоҷикистон низ дастгириро интизоранд. ТАЛКО ният дорад, ашёи хомро аз ҳисоби захираҳои дохилӣ дарёфт кунад ва инчунин изҳор дошт, ки бо мурури ба нафақа баромадани коргарони феълӣ коргарони навро намегирад, чун вазъи молии корхона хуб нест.

Бо вуҷуди ин, Кабиров таъкид намуд, нияти фурӯши ТАЛКО-ро надоранд, зеро он корхонаи давлатӣ буда, аҳамияти калони иқтисодӣ-иҷтимоӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар корхона 10 ҳазор нафар кор мекунанду маҳсулоти он 36 дарсади содироти солонаро ташкил медиҳад. Масъулини ТАЛКО мегӯянд, ба далели коҳиши талабот имсол истеҳсолоти алюмнийро то 216 ҳазор тонна коҳиш додаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад