Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Пои Тоҷикистон дар баҳси Эрон бо миллиардер Бобак Занҷонӣ

Пои Тоҷикистон дар баҳси Эрон бо миллиардер Бобак Занҷонӣ


29 декабр 2013, 10:57. Разместил: administrator
Як вакили парлумони Эрон Бобак Занҷонӣ, миллиардери ин кишварро, ба сохтакорӣ муттаҳам карда, мегӯяд, иддаои ӯ дар мавриди пардохти қарзаш аз Теҳрон дурӯғ мебошад.

Саид Ҳайдарӣ, вакили парлумони Эрон аз минтақаи Кирмоншоҳ, дар як суҳбати ихтисосӣ бо хабаргузории нимарасмии “Форс” дар ин бора ибрози назар кардааст. Ҳайдарӣ гуфтааст, санаде, ки Бобак Занҷонӣ дар мавриди пардохти қарзи худ аз Вазорати нафт ба Кумиссиюн ироа кардааст, ҷаълӣ ё қалбакӣ мебошад. Ба қавли ӯ, баъд аз пайгирии парлумон ва мақомоти зирабти эронӣ, ин гувоҳномае, ки гӯиё аз Бонки марказии Тоҷикистон содир шудааст, сохта мебошад: “Баъд аз баррасиҳо дарк кардем, ки Бобак Занҷонӣ санади пардохти Бонки марказии Тоҷикистонро қалбакӣ намудааст.”

Ин намояндаи мардумии Эрон гуфт, парвандаи Занҷонӣ ҳатман аз сӯи парлумони ин кишвар ба баррасӣ гирифта мешавад. Бобак Занҷонӣ ахиран бо ироаи як гувоҳнома ба мақомоти эронӣ гуфта буд, тамоми қарзҳои хуро тавассути Бонки марказии Тоҷикистон ба Бонки марказии Эрон интиқол додааст. Вале мақомоти эронӣ баъд аз таҳқиқ муайян кардаанд, ки Занҷонӣ ҳеч маблағе ба Бонки марказии онҳо интиқол надодааст ва ин санад ё қалбакӣ мебошад ё бар ивази пардохти як миллион доллар содир шудааст.

Аз сӯи дигар, як намояндаи дигари парлумони Эрон мегӯяд, Занҷонӣ ҳангоми ироаи ин санад на танҳо иддао мекард, ки тамоми қарзи худро пардохт кардааст, балки ҳудуди 2 миллиард тумон низ аз давлати Эрон тақозо дошт. Вале ба гуфтаи ӯ, бо гузашти чанд рӯз аз ин иддаои худ дар мавриди ситондани 2 миллиард тумон даст кашидааст. Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон Вазорати молияи Амрико Бобак Занҷониро дар «пулшӯӣ» ё қонунӣ гардондани маблағҳое ки аз фурӯши нафти Эрон ба даст меоянд, муттаҳам карда, нисбат ба ширкатҳои ӯ таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карда буд.

Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд. Ахиран, парлумони Тоҷикистон низ бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2013 ширкати “Контгруп Тоҷикистон”-ро, ки зери тамғаи “Осиё Экспресс” фаъолият мекунад, аз пардохти 7 миллион сомонӣ озод кард. Қаблан низ парлумон ба ин ширкат сабукиҳоро ироа намуда буд.


Дар акс: Бобак Занҷонӣ (аз тарафи чап) бо Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон ва дигар мақомдорони кишвар. Ин акс тобистони соли 2013 дар саҳифаи Фейсбуки Занҷонӣ пайдо шуда, ҳамагӣ баъд аз ду рӯзаш "ғайб" зад.

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад