Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Фавти шаҳрванди Тоҷикистон ва таркиши дуюм дар Волгоград

Фавти шаҳрванди Тоҷикистон ва таркиши дуюм дар Волгоград


30 декабр 2013, 10:54. Разместил: hd
Дар вилояти Волгоград дар пайи як ҳамлаи террористии дигар троллейбус тарконда шудааст, ки тибқи иттилои пешакӣ беш аз 10 кушта барҷой гузошт.

Дар ин бора расонаҳои Русия аз қавли мақомоти қудратии ин кишвар хабар доданд.

Ин дар ҳолест, ки таркиши дигаре нимирӯзи якшанбеи 29 декабр дар беруни истгоҳи роҳи оҳани Волгоград рух дод ва ҳудуди 18 кушта бар ҷой гузоштааст. Миёни кушташудагон номи шаҳрванди 54-солаи Тоҷикистон-Тошпулод Назаров низ зикр шудааст. Бино ба рӯйхате, ки мақомоти Волгогради Русия интишор доданд, дар пайи ин таркиш беш аз 30 тан ҳам захмӣ шуда, ҳоло бистариянд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар таркиши якуми 29 декабр дар шаҳри Волгоград Раҳмоналӣ Ғозиев (соли таваллуд -- 25 марти соли 1971) ҷароҳат бардошта, дар бемористони ёрии таъҷилии рақами 25-и ин шаҳр бистарист.

Вернуться назад