Главная > Қазоқистон > Сартарошхонаҳо арзиши хизматрасониро гаронтар кардаанд

Сартарошхонаҳо арзиши хизматрасониро гаронтар кардаанд


3 январ 2014, 18:52. Разместил: MG
Моҳи декабри соли 2013 дар қиёс ба моҳи ноябр арзиши бархе хизматрасониҳо дар шаҳри Алмаато афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Департаменти омори Алмаато бештар нархи хизматрасониҳои сартарошхона, нуқтаҳои дузандагӣ, дандонпизишкӣ, таъмири техникаи маишӣ, истироҳат ва табобат гарон шудааст. “Ороиши муйи занон ба 3,1 дар сад ва аз мардон 1,4 фисад афзоиш ёфтааст. Хизматрасонии дандонпизишкон бошад, ба 1,8 дар сад қимат шудааст”,-менависад BNews.kz.

Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, арзиши манзил низ дар ин муддат афзоиш ёфта, дар дигар намуди хизматрасониҳо афзоиши нарх сабт нашудааст.

Вернуться назад