Главная > Тоҷикистон > Мақомоти андоз “Сирена”-ро беҳтарин андозсупоранда гуфт

Мақомоти андоз “Сирена”-ро беҳтарин андозсупоранда гуфт


8 январ 2014, 09:51. Разместил: hd
Раёсати андози вилояти Бадахшон зимни ҷамъбасти озмун миёни корхонаҳои хусусиву давлатии вилоят меҳмонхонаи «Сирена»-ро, ки ба Бунёди Оқохон марбут дода мешавад, беҳтарин андозсупоранда дар соли 2013 эълон кардааст.

Масъулини андози вилоят таъкид доштаанд, ки меҳмонхонаи мазкур ҳамеша бидуни огоҳӣ ва таъкиди иловагӣ андози худро сари вақт пардохт мекунад.

Дар сархати беҳтарин андозсупорандаҳои вилояти Бадахшон дар пайи “Сирена”, ширкати сохтмонии «Бунёд» қарор гирифтааст, ки андози худро бетаъхир месупоридааст.

Аз миёни соҳибкорони вилоят бошад, Лангарӣ Лангарчиев ва Ҷамила Давлатова ҳамчун андозсупорандагони фаъол эътироф гардида, ба гирифтани мукофот сарфароз гардиданд.

Раёсати андози вилоят таъкид мекунад, ки соли гузашта нақшаи пардохти андоз дар вилоят зиёда аз 109% иҷро гардида, андози иҷтимоӣ ба андозаи 105% таъмин карда шуд.


Вернуться назад