Главная > Узбакистон > ВИДЕО: Нашри "туҳфаи деринтизор"-и Гугуша (Гулнора Каримова)

ВИДЕО: Нашри "туҳфаи деринтизор"-и Гугуша (Гулнора Каримова)


9 январ 2014, 14:45. Разместил: CV
Клипи нави Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон таҳти унвони “Бо ман бимон!” нашр гардидааст. Худи ин тарона ба иттилои расонаҳои узбакӣ, моҳи майи соли 2013 суруда шуда, аммо клипаш тоза наворбардорӣ гардидааст.

Клипи “Бо ман бимон!”-и хонум Каримова, ки тавассути саҳифаи шахсияш ба Youtube рӯзи 2 январ роҳ ёфтааст, то ба имрӯз диққати беш аз 50 ҳазор бинандаро ба худ ҷалб кардааст. Духтари раисиҷумҳури Узбакистон дар Twitter аз ин клипи худ ба унвони “Туҳфаи деринтизор” ном бурдааст.

Гулнора Каримова, ки бо номи Гугуша низ маъруф аст, 42 сол дошта, истеъдоди овозхонӣ низ дорад. То ин дам, се клипи духтари раисиҷумҳури Узбакистон дастраси бинандаҳо гардидааст.



Вернуться назад