Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Дастури Убайдуллоев барои танзими садои баланд ва муҳтавои мусиқӣ дар мусофирбарҳо

Дастури Убайдуллоев барои танзими садои баланд ва муҳтавои мусиқӣ дар мусофирбарҳо


10 январ 2014, 11:20. Разместил: hd
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки дар нақлиёти мусофирбари пойтахт баландии садои мусиқӣ ва муҳтавои сурудҳо зери назорат гирифта шаванд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев қарор намудааст, ки дар ҳудуди Душанбе, аз пахши мусиқиҳои ғайритарбиявӣ, ки боиси беэҳтиромии арзишҳои миллию умумибашарӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ҷилавгирӣ карда шавад.

Убайдуллоев ба муовинаш дар умури нақлиёт Абдулҳақ Оев дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо “Душанбенақлиётхадамотрасон” ва мақомоти фарҳанг татбиқи дастуротро таъмин созад.

Раиси Душанбе супориш додааст, ки феълан дар пойтахт рейд гузаронда шавад ва вазъи баландию муҳтавои мусиқии пахшшаванда дар мусофирбарҳо муайян карда шавад. Ӯ хостааст, дар ин робита бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шавад ва зимни ҷалби онҳо ба мусофиркашонӣ дар шартнома мавзӯи марбут ба пахши мусиқӣ зикр гардад.

Убайдуллоев инчунин супориш додааст, ки аз ҷониби мақомоти фарҳанг фиттаҳои махсуси тарбиявӣ таҳия ва мунтазам дар мусофирбарҳо пахш гарданд.

Вернуться назад