Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Муфтии Тоҷикистон дар намози ҷумъа: "Барвақт хатна кунед"

Муфтии Тоҷикистон дар намози ҷумъа: "Барвақт хатна кунед"


10 январ 2014, 15:36. Разместил: administrator
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хост, дар интихоби ном ва хатнасури саривақтии фарзандонашон бетаваҷҷуҳӣ накунанд. Абдулқодирзода рӯзи 10 январ зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, дар интихоби номи фарзанд диққати ҷиддӣ дода, бояд номҳои беҳтаринро гузошт.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз суханони паёмбар иқтибос оварда, таъкид кард, ки номи шахс ҳатман то ҷое дар хислати соҳибаш таъсиргузор мебошад: “Паёмбар гуфтанд, ҳар нафаре, ки Шумо ном мегузоред, барои ӯ насибе аз номаш ҳаст. Пас, бояд номҳои нек гузошт.”

Инчунин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба масоили хатнасури фарзанд дахл карда, аз саривақт иҷро нашудани он дар ҷомеа ибрози таассуф кард. Ӯ таъкид кард, "фарзанди мусулмон бояд дар ҳафтрӯзагӣ дасташ ҳалол карда шавад".

“Дар мо баъзан тифл қариб ба балоғат мерасад, баъд дар фикри хатнасури ӯ мешавем. Ҳатто бархе аз волидайни тоҷик ба хотири имкон надодани шароит барои баргузории маъракае ба ин муносибат, хатнасури фарзандашонро ба таъхир мегузоранд, ки ин ғалат аст”,-афзуд ӯ.

Вернуться назад