Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Қатъи таҳсили 200 донишҷӯи тоҷик дар кишварҳои арабӣ (ВИДЕО)

Қатъи таҳсили 200 донишҷӯи тоҷик дар кишварҳои арабӣ (ВИДЕО)


13 январ 2014, 14:57. Разместил: hd
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ба далели ноамниҳо дар кишварҳои Араб дар соли 2013, 200 донишҷӯи тоҷик бозпас ба Ватан оварда шуда, ба далели тағйироти кадрӣ дар Эрон ирсоли донишҷӯён ба ин кишвар низ муваққатан қатъ шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 13-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ Амрохон Алиев, мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода, афзуд: “Мо қариб бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон инчунин бо кишварҳои араб гуфтушунид ва муносибатҳои хуб дорем. Аммо ягона талаботи Вазорати маориф ин аст, ки агар дар он кишварҳо оромӣ бошад ва амнияти шаҳрвандони моро таъмин карда тавонанд. Дар ҳамин сурат мо омода ҳастем, ки донишҷӯёнамонро ба онҷо фиристонем”.



Алиев илова кард, ки Вазорати маориф бо Эрон шартнома дошта, ҳамасола зиёда аз 250 нафар барои таҳсил ба курсҳои гуногун фиристода мешаванд: "Ягон мушкил байни ин ду кишвар нест. Барои тағйироти кадрие, ки ахиран дар Эрон сурат гирифт, ҷониби Эрон фиристодани донишҷӯёни худ ва қабули донишҷӯёни моро ба таъхир гузошт.”

Ин масъули маориф таъкид намуд, ки дар муассисаҳои олии Эрон бисёр ихтисосҳои муфид барои Тоҷикистон таълим дода мешаванд: “Мо ба онҳо пешниҳод кардем, ки ба ҳамин тахассусҳо ҷавонони моро ба таълим фаро гиранд. Онҳо ҷавоби рад надоданд ва мо интизор ҳастем, ки кай намояндагони Эрон толибилмони моро барои таҳсил ба Эрон ҷалб менамоянд.” Вазорати маориф ва илми кишвар гуфт, аллакай зиёда аз 300 нафар довталабони тоҷик ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд ва мунтазири омадани намояндагони Эрон мебошанд.

Вернуться назад