Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш, Тема дня > Тоҷикистон ният дорад ба олимпиада 2 варзишгар фиристад

Тоҷикистон ният дорад ба олимпиада 2 варзишгар фиристад


15 январ 2014, 14:19. Разместил: hd
Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол ягон варзишгари тоҷик барои иштирок дар олимпиадаи зимистонаи Сочӣ-2014 холҳои лозимиро дарёфт накардааст.

Раҷабалиев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бори нахуст Тоҷикистон ният дорад ба олимпиадаи зимистона на як нафар балки ду варзишгари лижаронро равон кунад: “Инҳо Андрей Даригин, иштирокчии олимпиадаҳои қаблӣ, ки феълан дар Аврупост ва Алишер Қудратов мебошад, ки айни ҳол дар Эрон тамрин дорад. Қудратови ҷавон то ҳол 65 дарсади холҳои заруриро барои иштирок дар олимпиада ва Даригин 90 дарсадро ба даст овардааст.”

Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, ки 25-уми январ рӯйхати ниҳоии иштирокдорони олимпиадаи зимистона нашр хоҳад шуд: “То он вақт лижаронҳои тоҷик бояд холҳои лозимиро, аз ҳисоби ҷоизаҳо дар сабқатҳои байналмилалӣ ба даст оранд.”

Манбаъ таъкид намуд, ки дар сурати даст наёфтани варзишгарони тоҷикистонӣ барои иштирок дар олимпиадаи зимистона, ҳайати Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳатман дар Шӯрои олимпӣ ширкат хоҳанд кард, ки раис ва котиби генералии Кумитаро дар бар мегирад. Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ аз 7-уми феврал то 23-юми феврал дар назар аст.

Вернуться назад