Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Маскаву Душанбе қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1"-ро баррасӣ мекунанд

Маскаву Душанбе қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1"-ро баррасӣ мекунанд


24 январ 2014, 09:44. Разместил: CV
Мақомоти Маскав ва Душанбе қарор аст, имрӯз 24 январ дар нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар масъалаи қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз “Сангтӯда-1”-ро ба баҳс кашанд.

Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, ки 75 дарсади саҳмияҳояш моли Русия буда, 15 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад, қаблан бо пахши як иттилоия аз пардохт нашудани қарзҳояш аз сӯи “Барқи тоҷик” нигаронӣ карда буд. Тибқи иттилои масъулини ин неругоҳ, ширкати “Барқи тоҷик” беш аз 427 миллион сомонии маблағи барқи харидорӣ намудаш аз “Сангтӯда-1”-ро пардохт накардааст.

Дмитрий Волков, раиси Шӯрои мудирияи ширкати “Сангтӯда-1” мегӯяд, ҳарчанд “Барқи тоҷик” ҳар моҳ ба маблағи 10 миллион сомонӣ қарзи худро месупорад. Аммо раванди болоравии мизони қарз тағйир намеёбад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми барқи содирнамудаи ин ширкат ба сокинони Тоҷикистон дар моҳ аз ин маблағ зиёд аст. Ширкати “Сангтуда 1” нигаронӣ дорад, ки азбаски “Барқи тоҷик” маблағи барқи гирифтаашро сари вақт пардохт намекунад, ин ширкат дар супоридани андоз ба мақомоти тоҷик бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1аз қатъи фаъолияташ ҳушдор дода буд. Масъулини ин неругоҳ гуфтанд, Кумитаи андози Тоҷикистон 29 ноябр суратҳисобҳои бонкии нерӯгоҳро ҳабс карда, 4 декабр аз ин суратҳисобҳо 52 миллион сомонӣ қарзи андозро ба фоидаи давлат рӯёндааст. Мақомоти нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” мегӯянд, борҳо ба сохторҳои дахлдори Тоҷикистон муроҷиат намудаанд ва аз ҷумла пешниҳод кардаанд, қарзи андози нерӯгоҳ аз ҳисоби қарзи “Барқи тоҷик” лағв гардад, ки то ҳол қабул нашудааст.

Вернуться назад