Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > IRS мегӯяд, 'роҳи Душанбе-Хуҷанд пурра боз нашудааст'

IRS мегӯяд, 'роҳи Душанбе-Хуҷанд пурра боз нашудааст'


27 январ 2014, 16:29. Разместил: administrator
Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки рӯзи ҷумъаи 24 январ ба далели бориши барфи зиёд ва фаромадани тарма қатъ гардида буд, ҳанӯз пурра боз нашудааст.

Як масъули IRS (Иноватив Роуд Солюшнз), ки назорат ва ҷамъоварии пули роҳро дар ихтиёр дорад, 27 январ ба “Озодагон” гуфт, ҳоло роҳ аз тарма пок шуда, вале мошинҳо бонавбат аз ду тараф ҳаракат мекунанд. “Бориши барф бештар дар километри 52-72 ба назар мерасад. Чун барф дар роҳ аз ҳад зиёд асту мошинҳо низ хеле бисёранд, барои ҳамин гуфтанд аввал як самтро кушоянд, мошинҳо рафтан гиранд, сабук шавад, баъдан самти дигарро боз мекунанд”,-гуфт мусоҳиби мо.

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, аз субҳ то нисфирӯзи 27 январ роҳ аз самти Хуҷанд ба Душанбе боз буд ва пас аз зӯҳр ҳаракати мошинҳо аз Душанбе ба Хуҷанд иҷоза дода шудааст.

Тармафароии шадид нимаи дувуми 24 январ дар километрҳои 46, 48, 49, 52, 53, 56, 58, 65, 68, 69, 72-и роҳи Душанбе – Чаноқ ба вуқӯъ пайваста буд. Роҳи Душанбе-Чаноқ танҳо роҳи заминист, ки маркази Тоҷикистонр бо шимоли он пайванд медиҳад. Ҳарчанд дар гарданаи Анзобу Шаҳристон ду нақб бунёд ёфтааст, вале ҳар сол дар фасли зимистон тармафароӣ дар баъзе аз қисматҳои роҳи Душанбе-Чаноқ, бахусус Майхура, монеи ҳаракати мошинҳо мегардад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад