Главная > Тоҷикистон > Эмомалӣ Раҳмон ба Остонаи Қазоқистон парвоз мекунад

Эмомалӣ Раҳмон ба Остонаи Қазоқистон парвоз мекунад


12 август 2011, 03:04. Разместил: administrator
Дар Остона ҷаласаи панҷуми ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мегардад.


Тибқи иттилои расонаҳо зимни нишасти имрӯза қарор аст масоили марбут ба Осиёи Марказӣ, авзоъ дар Афғонистон ва нооромиҳо дар Ховари Миёна баррасӣ шавад. Дар ҳамоиши ғайрирасмӣ раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ва ҳамтоёни ӯ аз Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард. Дабири кулли паймон Николай Бордюжа хабар додааст, ки раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, дар ин нишаст ширкат нахоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир Дмитрий Медведев ва Александр Лукашенко ба Қазоқистон ташриф овардаанд ва давоми рӯз дигар роҳбарони кишварҳо низ ба Остона ворид мегарданд,-афзудааст манбаъ. {jathumbnail off}

Вернуться назад