Главная > Тоҷикистон, Қазияи Зайд Саидов, Сиёсат, Рӯ ба рӯ > “Аз маҳбас Зайди дигаре берун мешавад, на Зайди раҳмдилу хушбовар”

“Аз маҳбас Зайди дигаре берун мешавад, на Зайди раҳмдилу хушбовар”


1 март 2014, 10:13. Разместил: administrator
Раҷаби МИРЗО

Ҳоло бисёре аз коршиносон дар фазои пасошӯравӣ ҳаводиси ахири Украинаро ба баҳс мекашанд ва ҳар кадом ба ин рухдодҳо аз ин дарича баҳогузорӣ мекунанд, ки таъсири ин ҳодисаҳо ба кишвари онҳо чӣ гуна хоҳад буд? Тоҷикистон, таври маълум, аз Украина дар масофаи хеле дур қарор дорад, аммо танҳо ин далели мутмаинкунанда аст, ки худро аз ин шару шӯр ва таъсири он ба фазои мо осуда пиндорем?

Дуруст, ҳавои сиёсии мо ҳам мисли Украина нест, ки ҷомеаи шаҳрвандии фаъол дошта бошем ва гурӯҳу аҳзоби гуногунмайлон. Шахсиятҳои радикал ва шовинист дар Тоҷикистон, агар вуҷуд доранд, ангуштшуморанд ва бо сабабҳои айниву зеҳнӣ наметавонанд парчамбардор бошанд. Вале ноумедие, ки дар зеҳни ҷомеаи мо оҳиста – оҳиста қавӣ мешавад, магар ҷои андеша надорад, ки мабодо як рӯз ба ҳаракатҳои радикалӣ асосгузор гардад?

Бубинед, Тимошенко, ки чанд рӯз пеш аз маҳбаси Харков раҳо гардид, пас аз чанд соли зиндон ба чӣ шахсияте табдил ёфтааст! Бешак, шояд дар гузашта ҳам ин сиёсатмадорбонуи украинӣ мавқеъгириву андешарониҳои эҳсосиро ба худ раво медид, аммо он чи ки ӯ акнун дар Евромайдон мегӯяд, ба гурӯҳҳои радикал наздик будани ӯро нишон медиҳад: «То ғалабаи комил майдонро тарк накунед!», «Януковичро бояд ба Майдон овард ва ҷазо дод», «Мо ҳар касеро, ки Майдонро дастгирӣ накардааст, муҷозот хоҳем кард!» ...

“ФЕЛИКСИ ОҲАНИН”

Ва ин танҳо мавқеи Юлия Тимошенко нест. Ҳамин фикрро аксари онҳое доранд, ки дар Украина умеди ҳақталошиҳои худро аз даст дода, ҳамин тавр хоставу нахоста ба гурӯҳҳои радикал табдил ёфтанд. Ҳабси Тимошенко дар чанд соли пеш ба ин раванд аловмониро мемонд, ки акнун ҳукумати Янукович ниқоргириро оғоз кардааст. Ман намедонам, ки баъдтар назари шахсии президенти феълан собиқи Украина – Янукович, ба ҳабсу озодии Тимошенко чӣ гуна хоҳад буд. Вале ба хотири ман як пора аз сӯҳбати Аскар Акаев – президенти собиқ ва фирории қирғиз меояд. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки иштибоҳи худро дар ҳама гирудорҳои кишвараш дар чӣ мебинад, бадоҳатан гуфт: «Ҳабси Феликс Қулов!».
Барои онҳое, ки Қуловро намешиносанд, хотиррасон мешавам, ки «Феликси оҳанин» яке аз сиёсатмадорони шинохта ва пурнуфузи қирғиз аст, ки замони президентии Акаев ӯро бо баҳонаҳои гуногун ба маҳбас андохтанд ва баҳори соли 2005, айни инқилоби аввали Қирғизистон, аз зиндон раҳо гардид. Аммо на мисли Тимошенко бо қарори парлумон, балки танҳо бо баргузории мурофиаи судӣ ва бо ҳукми суд сафед шуд! Пас аз раҳоиаш гурӯҳи мардуми ба шӯр омадаро ором намудаву роҳбарӣ кард. Ҷои баҳс надорад, ки агар он замон номзадиашро ба президентӣ мегузошт, Боқиевро шикаст медод.

ХОДОРКОВСКИЙ ВА ПУТИН

Вале Қулов дар 8 соли зиндон ба як шахси ором табдил ёфта буд ва равандҳои сиёсии кишварашро дуруст дарк менамуд. Он замон, азбаски шимолиҳои Қирғизистон дар симои Акаев дар назари мардум хеле бадном шуда буданд, ӯ ба Қурмонбек Боқиеви ҷанубӣ гузашт кард ва бо ӯ дар интихоботи президентӣ бо созиши таъин шуданаш дар мансаби сарвазирӣ якҷо ширкат намуд. Боқиев баъдан ин созишро шикаст, аммо Қулов якравии зиёд накард. Боқиев ҳам ахиран аз мансаб барканор ва аз ватан фирорӣ шуд, вале «Феликси оҳанин» ҳамоно дар мамлакат сиёсатмадори мавриди назари ҳазорҳост.
Мешавад аз тоҷиру сиёсатмадори шинохтаи рус Михаил Ходорковский мисол овард, ки пас аз ба қудрат расидани Путин 10 соли умри худро дар зиндон пушти сар кардааст ва пешопеши соли нав мавриди бахшиш қарор гирифту зуд роҳии Олмон шуд. Бисёриҳо гумон доштанд, ки ӯ акнун ба як шахсияти сиёсии радикал табдил меёбаду аз Путин қасос мегирад. Аммо ӯ дар аввалин нишасти матбуотиаш гуфт, ки дигар аз сиёсат худро канор мегирад ва ба Путин ҳам хашм надорад. Баъдан, вақте сабабҳои раҳоии ӯро ҷиддитар ба баррасӣ гузоштанду гуфтанд, ки Путин ин корро пешопеши Олимпиадаи Сочӣ кардааст, то Русияро назди кишварҳои ғарбиву демократӣ сарбаландтар намудор кунад, Ходорковский гуфт, ки дар ҳақиқат дар озодии ӯ Путин нақши калидӣ бозид.

“ЛЮБИМЧИКИ ПРЕЗИДЕНТ”

Путин баъдан ҳамкори дигари Ходорковский – Платон Лебедовро низ аз маҳбас раҳо намуд. ӯ дар бораи тасмими худ барои раҳоии Ходорковский баъдан гуфт, ки ин қарорро пас аз номаи раҳбари ЮКОС ба унвонаш содир кардааст, ки мехоҳад дар ҳаққи модари бемораш ғамхорӣ кунад. Ин иқдоми Путин бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро умедвор ҳам кард, ки президент Раҳмон ахиран маҳбусони сиёсии кишварро низ афв мекунад. Дуруст аст, ки мақомот мегӯянд дар Тоҷикистон ягон маҳбуси сиёсӣ нест ва чунин меъёр дар қонунгузории кишвар ҳам ҷой надорад. Аммо вақте сухан аз сарнавишти раиси ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, вазири собиқи умури дохилӣ Ёқуб Салимов, вазири пешини саноат, соҳибкори муваффақ, муассиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов меравад, ҳатман мавзӯи «маҳбусони сиёсӣ» пеш меояд.

Ҷои баҳс надорад, ки на Искандаров, на Салимов ва на Саидов андешаҳои радикалӣ надоштанд ва мисли Тимошенко даъво пеш нагузоштаанд, ки бояд Раҳмонро ба майдон оварду муҷозот намуд. Баръакс аз забони онҳо доим дар бораи президент ҳарфҳои мусбат садо медод. Танҳо, агар интиқоде мекарданду мекунанд, аз наздикони президент аст, ки ба ҳар роҳу восита намегузоранд дар мамлакат ислоҳот сурат гирад (чизе монанд ба назаргуфтаҳои Ходорковский). Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бошад як замон «любимчики президент» ҳам мегуфтанд. Воқеан, маҳз ӯ ягона мансабдори тоҷик буд, ки дар курсии ҳукуматӣ нишаста, баъзе аз амалкардҳоро мавриди интиқод қарор медод. Бар илова, дар лаҳзаҳои душвортарини ҳукумат, ҳатто новобаста аз мавқеъгириҳои ҳамақидаҳои худ, ба пешвози ҳукумат мерафт. Аз ин рӯ, тавре дар сухани охири мурофиаи судиаш гуфт, «аз ман террорист сохтан намешавад!»...

НОУМЕДӢ ВА РАДИКАЛИЗМ

Дар бораи Зайд Саидов, ки акнун мақомот дар бораи «ҷиноятҳои гӯшношунидаш» сӯҳбат мекунанд, ҷомеаи фаъол назари дигар дорад. Зеро онҳое, ки Зайдро мешиносанд, ӯро ба сифати як ватандӯсти асил, шахси раҳмдилу накӯкор дидаанду ёд мекунанд. Номаи дастаҷамъонаи як гурӯҳ зиёиёни маъруфи тоҷик ба унвони президент бозгӯкунандаи он аст, ки онҳо ҳам ба ин иттиҳомот бовар надоранд. Ҷараёни мурофиаи судӣ ва ҳукми ниҳоӣ (20 сол барои «ҷиноятҳои гӯшношунид» ва 6 сол барои иқтисодӣ) ҳам масъаларо хеле машкук намудор мекунад. Ахиран Зайд ҳам гуфт, ки агар ин ҳама ба хотири сарвату дороии ӯст, пас онҳоро бигиранду раҳояш созанд. Зеро вазъи сиҳатиаш дигар тобу тоқати утоқҳои намноку торики зиндонро надоранд.
Воқеан, Путин барои раҳоии Ходорковский асос модари бемори ӯро овард, аммо Зайди мо худаш бемор аст. Ба Муҳаммадрӯзиву Ёқуб бошад, ҳатто иҷоза надоданд, ки дар ҷанозаи модарашон ширкат кунанд. Оё ин ҳама гумонеро ба бор намеорад, ки ноумедӣ барои онҳо, ки садҳо ва шояд ҳазорҳо ҷонибдор доранд, радикализмеро ба бор меорад, ки дар Украина мебинем?

“ЗАЙД”-И ДИГАР

Шояд дар назардошт бо ин буд, ки як шахсияти шинохта пас аз судури ҳукм нисбати Зайд Саидов гуфт, ки акнун аз маҳбас Зайди дигаре берун мешавад, на Зайди раҳмдилу хушбовар. Ба назари ин Зайд акнун ба як шахси хашину радикал табдил хоҳад ёфт. Зеро умеду бовариро аз даст дод...
Дар ҳоле ки мо бо вазъи доштаамон ба ин гунаҳо ниёз надорем. Ба мо, баръакс, чеҳраву шахсиятҳои орому таҳаммулпазир заруранд. Шахсиятҳое мисли Қулови қирғиз ва Нелсон Манделаи африқоӣ. Одамони тиллоӣ! Мандела пас аз 27 соли зиндонии худ ба раҳоӣ баромад, назди прокурор ва судяе рафт, ки ӯро ба маҳбас андохта буданд ва гуфт: «Биёед ояндаи ватанамонро якҷоя бисозем!». Ҳамин гуфтаҳоро ӯ назди ҳамаи президентҳо ва сарвазирону мансабдорони дигар ҳам пеш гузошт. Замоне, ки ҳизби пурнуфустарину пурнуфузтарини кишвараш интихоботро таҳрим эълон намуд, Мандела дар як изҳороти телевизионӣ ба мардум муроҷиат кард: “Ман омодаам назди шумо ба зону занам, танҳо агар ба интихобот равед. Зеро тақдири давлати мо ҳал мешавад!”

Инҷониб ҳам ба ин назарам, ки имрӯз мо ба сиёсатмадороне ниёз дорем, ки назди мардуми худ омода бошанд ба хотири ояндаи Ватан ба зону бизананд, на ба радикалҳо!

Вернуться назад