Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Turajon.org: Таҷлили Рӯзи модарон дар 8 март ҷоиз нест

Turajon.org: Таҷлили Рӯзи модарон дар 8 март ҷоиз нест


3 март 2014, 08:53. Разместил: CV
Торнамои Turajon.org, веб-сайти бародарон Тӯраҷонзодаҳо, ҷашни Рӯзи модаронро, ки ҳамасола 8 март таҷлил мешавад, аз нигоҳи дини Ислом нораво хонда, онро берун аз фарҳангу мазҳаби мардуми мусулмон хондааст.

Ин торнамо дар посух ба суоли яке аз корбаронаш навиштааст, “ҷашнгирии Рӯзи модарон ё иди модарон ҷоиз нест. Ин ид на аз идҳои динӣ ва на аз идҳои миллии мост. Ин ҷашн аз замони Шӯравӣ ба мо боқӣ мондааст.” Turajon.org таъкид мекунад, мардуми мусулмон ба чунин ид дар як сол боре ниёз надорад, чун Ислом ба пайравонаш мефармояд, дар тамоми рӯзҳои сол бо модарон накӯкор бошанд: “Танҳо дар ин рӯз ба модарон хушрафтору хушмуомила бошем ва дар рӯзҳои дигар модарро фаромӯш кунем?!”

Ин торнамои исломии кишвар аз суханони Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон, иқтибос оварда, сабаби пайдоиш ва ташкили ин идро чунин шарҳ додааст: “Замоне Ғарб иди модарро ихтироъ кард, мо мусулмонон ба онҳо тақлиди кӯркӯрона кардем ва фикр накардем, ки бо кадом сабаб Ғарб ин идро ихтироъ кардааст? Мутафаккирони аврупоӣ вақте диданд, писарон модарҳои худро фаромӯш мекунанд ва онҳоро хуб нигоҳубин намекунанд, хостанд як рӯзро дар як сол иди модар қарор диҳанд, то писаронро ба ёди модаронашон андозанд.”

Turajon.org дар идома аз корбарони худ даъват кардааст, аз таҷлили ин сана худдорӣ кунанд. Чун ба навиштаи он, ҷашни рӯзи модарон тақлид ба қавмиятҳои ғайримусулмон мебошад, ки пайғамбар (с) ин тақлидкориро наҳй кардааст. Дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 8 март, ки дар гузашта бо номи иди занон маъруф буд, ҳоло ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мешавад.

Вернуться назад