Главная > Тоҷикистон, Дидгоҳи хос > Таронаи Шералӣ Ҷӯраев, овозхони маъруфи узбак, зидди Роғун ва Қамбарота

Таронаи Шералӣ Ҷӯраев, овозхони маъруфи узбак, зидди Роғун ва Қамбарота


3 март 2014, 09:30. Разместил: administrator
Шералӣ Ҷӯраев, сарояндаи машҳури Узбакистон, алайҳи нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон, ки ба қавли Тошканд дар сурати бунёдашон кишварҳои поёнобро ташналаб хоҳанд гузошт, таронаеро сурудааст.

Тибқи иттилои торнамои Darakchi.uz, матни ин тарона ба қалами Мирзо Иқбол, шоири узбак тааллуқ доштааст, ки он аз “таҳдидҳо”-и сохтмони ин нерӯгоҳҳо ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ қисса мекунад. Манбаъ мегӯяд, дар рӯзҳои наздик ин тарона дастраси омма хоҳад шуд.

Ин торнамо дар идома навиштааст, азбаски Тошканд яке аз мухолифини сарсахти сохтмони нерӯгоҳҳои мазкур мебошад, эҷод ва сароидани ин тарона ангезаи сиёсӣ ва фармоишӣ дорад.

Вернуться назад