Главная > Туркманистон > Бо амри президент ба ноҳияи беҳтарин миллион доллар медиҳанд

Бо амри президент ба ноҳияи беҳтарин миллион доллар медиҳанд


7 апрел 2014, 15:01. Разместил: MG
Дар Туркманистон озмуни ноҳияи беҳтарин эълон шудааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи ахири ҳукуматаш зери амре имзо гузоштааст, ки дар асоси он ба ғолиби озмун дар ҳаҷми як миллион доллар ҷоиза супурда мешавад.

Озмунро комиссияи вижае, ки аз ҳисоби намояндаҳои вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташил ёфтааст, натиҷагирӣ хоҳад кард.

Ин барои бори дуюм аст, ки дар Туркманистон чунин озмун гузаронда мешавад. Соли сипаришуда ноҳияи Оқ бугдайи вилояти Ахалск дар он дастболо шудаву як миллион дарёфт карда буд.

Вернуться назад