Главная > Тоҷикистон, Фарҳангу адаб, Видео > ВИДЕО: “Пирамард ва баҳр”-и Ҳемингуэй ва тоҷикиомӯзии Сюзан Эллиотт

ВИДЕО: “Пирамард ва баҳр”-и Ҳемингуэй ва тоҷикиомӯзии Сюзан Эллиотт


7 июн 2014, 13:18. Разместил: administrator
Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе рӯзи 6 июн ҳазор нусха китоби “Пирамард ва баҳр”-и Эрнест Ҳемингуэйро, ки ба забони тоҷикӣ ва англисӣ нашр гардидааст, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим кард. Ин китоб аз сӯи Муҳаммадсалим Азизмуродов тарҷума ва бо ёрии молии Амрико дар чопхонаи “Бухоро” ба нашр расидааст.

Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Душанбе, ҳангоми тақдими “Пирамард ва баҳр” ба Китобхонаи миллӣ гуфт, “ин тарҷумаи асари классикии Ҳемингуэй на танҳо хонандагони тоҷикро бо ганҷинаи адабии Амрико ошно мекунад, балки ба ҳайси як маводи муҳими омӯзиши забони англисӣ низ истифода хоҳад шуд. Ман низ тариқи ин китоб мехоҳам, забони тоҷикии худро сайқал диҳам.”

Эрнест Ҳемингуэй нависандаи амрикоӣ, журналист ва барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт мебошад. Ӯ дар иёлати Илинойси Амрико дар хонаводаи миёнаҳол ба дунё омада, ба донишгоҳ шомил нашуд ва ба рӯзноманигорӣ пардохт. Замони ҷанги аввали ҷаҳонӣ ӯро ба хотири чашмҳои заифаш ба аскарӣ нагирифтанд, аммо Ҳемингуэйи 19-сола ба Салиби Сурх пайваст ва соли 1918 дар Итолиё маҷруҳ шуда буд.

Соли 1961 Ҳемингуэй, ки аз афсурдагии руҳӣ азият мекашид, дар манзилаш дар иёлати Айдаҳои Амрико бо туфанги шикорӣ худро кушт.



Вернуться назад