Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Шӯрои Аврупо ба инфрасохтори иқтисодии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад
Главная > Тоҷикистон > Шӯрои Аврупо ба инфрасохтори иқтисодии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад

Шӯрои Аврупо ба инфрасохтори иқтисодии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад


26 август 2011, 04:59. Разместил: administrator
Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар мулоқоти Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо бо як гурӯҳ намояндагони баландпояи Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ баргузор гардид.


Ҳайати Шӯрои Аврупоро дар ин вохӯри профессор Антон Караҷа роҳбарӣ менамуд. Дар ин ҳамоиш ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро  мавриди баррасӣ қарор доданд. Гузашта аз ин зимни ин нишаст, қайд гардид, ки Шӯрои Аврупо омода аст, дар хусуси инкишофи самтҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз қабили рушди соҳаи энергетика, кишоварзӣ, саноат, инфрасохтор, сайёҳӣ ва низоми молиявию бонкӣ мусоидат намояд.  Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд.

Вернуться назад