Главная > Туркманистон > Президент гуфт, неруҳои мусаллаҳ бояд бо техникаи муосири ҳарбӣ таъмин бошад

Президент гуфт, неруҳои мусаллаҳ бояд бо техникаи муосири ҳарбӣ таъмин бошад


7 июл 2014, 12:30. Разместил: MG
Неруҳои мусаллаҳи Туркманистон бояд пурра бо техникаи муосири ҳарбӣ ва таҷҳизоти махсус таъмин бошанд. Ин нуктаро Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон зимни ҷаласаи шӯрои амнияти давлатӣ иброз доштааст.

“Бояд вазифаҳои назди мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гузошта оид ба иҷрои таҳаввулот, ки барои беҳбудии фаъолияти мақомоти қудратӣ, талоши тарбияи ватандӯстона ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ равона шудааст, дақиқ иҷро шавад”,-афзудааст Бердимуҳаммадов.

Вернуться назад