Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Бобоназарова: Дар мавриди иштирок дар интихобот ҳанӯз тасмим нагирифтаам
Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015, Сиёсат, Дидгоҳи хос, Тема дня > Бобоназарова: Дар мавриди иштирок дар интихобот ҳанӯз тасмим нагирифтаам

Бобоназарова: Дар мавриди иштирок дар интихобот ҳанӯз тасмим нагирифтаам


6 сентябр 2014, 12:32. Разместил: MG
Ойниҳол Бобоназарова, собиқ номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳанӯз тасмими ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2015-ро нагирифтааст ва дар сурати иштирок кардан, мустақилона вориди корзори интихоботӣ мешавад.

Ба таъкиди хонум Бобоназарова, то замоне дар қонуни интихоботи парлумонӣ тағйироти умда ба вуҷуд наояд, ширкат дар интихобот маънӣ нахоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки то интихоботи парлумонӣ 5-6 моҳи дигар боқӣ мондааст, тавсияҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба тағйири қонуни интихобот ба назар гирифта нашудааст: “САҲА ба Тоҷикистон 38 тавсия пешниҳод кард, аммо танҳо ду пешниҳод, ки умуман ягон дигаргунӣ намеорад, пазируфта шуд”.

Хонуми Бобоназарова дар идомаи суҳбат гуфт, 21 сентябри соли ҷорӣ дар Лаҳистон ништасте оид ба ҳуқуқи инсон баргузор мешавад, ки дар он намояндаҳои ҳукумат ва ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон низ иштирок хоҳанд кард ва яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасии нишасти мазкур интихобот хоҳад буд. “Ман талош мекунам дар ин нишаст ширкат намуда, мавзӯи тағйирот ба қонуни интихоботро ба миён гузорам”,-илова намуд ӯ.

Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи ахири президентӣ аз сӯйи Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ номзад шуд, аммо тими ӯ натавонист имзоҳои лозим барои сабти ном дар Комиссияи интихобот ва раъйпурсиро ба даст биёрад.

Вернуться назад