Главная > Туркманистон > Муовини собиқи шӯрои вазирон устоди донишкада шуд

Муовини собиқи шӯрои вазирон устоди донишкада шуд


17 сентябр 2014, 16:46. Разместил: MG
Бягул Нурмирадова, муовини пешини Шӯрои вазирони Туркманистон дар умури фарҳанг ва ВАО фаъолияти худро ба ҳайси муаллим дар Донишкадаи давлатии фарҳанг шурӯъ кардааст.

Ӯ, ки 4 апрел аз симматаш барканор шуд ба назди хонаводааш - шаҳри Гёкдепе рафт. Торнамои “Хроника Туркменистана” менависад, сӯистифода аз мансаб далели барканории Нурмирадова шудааст.

Дар моҳи май овозаҳое дар мавриди фавти Бягул Нурмирадова паҳн шуд ва барои муддате собиқ муовини нахуствазирро аз чашми мардум ба ҳошия ронд.

Аз оғози соли нави таҳсил Бягул Нурмирадова дар донишгоҳе, ки аз он ҷо соли 1994 бо тахассуси китобдор фориғ шуд, ба фаъолият оғоз мекунад.

Вернуться назад