Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > 57 коммунисту наҳзатӣ барои курсӣ дар парлумон мубориза мебаранд
Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015, Сиёсат, Тема дня > 57 коммунисту наҳзатӣ барои курсӣ дар парлумон мубориза мебаранд

57 коммунисту наҳзатӣ барои курсӣ дар парлумон мубориза мебаранд


23 октябр 2014, 12:37. Разместил: hd
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, бо пешниҳоди 40 номзад ният дорад, ҳадди ақал 5 курсиро дар парлумони ояндаи кишвар ба даст орад, то фраксияи худро бисозад. Коммунистҳои Тоҷикистон эълон намуданд, ки бо пешниҳоди 17 номзад мехоҳанд камаш 6 намояндаашонро ба парлумон ворид кунанд.

ҲНИТ таъкид мекунад, ки 20 номзадро аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ 20 номзади дигарро аз ҳавзаҳои якмандатӣ пешниҳод хоҳад кард ва рӯйхати ниҳоии номзадҳо дар ҷаласаи пешазинтихоботии 16-уми декабри соли равон эълон хоҳад шуд.

Коммунистони Тоҷикистон низ мегӯянд рӯйхати номзадҳо дар интихоботи парлумонии оянда, ки моҳи феврали соли 2015 дар назар аст, дар ҷаласаи пешазинитихоботии 27-уми декабр дақиқ хоҳад шуд.

Феълан наҳзатиҳоро дар парлумон ду вакил, раиси ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ ва муовинаш Саидумар Ҳусайнӣ намояндагӣ мекунанд. Коммунистҳо низ дар парлумони феълӣ ду курсӣ доранд, ки якеашро раҳбати ҲКТ, Шодӣ Шабдолов ва дигарашро ноиби ӯ Исмоил Талбаков ишғол кардаанд.

Дар маҷмуъ палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакили мардумӣ иборат аст, ки 41 нафарашон аз ҳавзаи якмандатӣ ва 22 нафарашон аз ҳавзаи ягона аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ интихоб мегарданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад