Главная > Қазоқистон > Собиқ сарвазири Қазоқистон дар ришвахорӣ муттаҳам мешавад

Собиқ сарвазири Қазоқистон дар ришвахорӣ муттаҳам мешавад


19 ноябр 2014, 16:04. Разместил: MG
Алайҳи Серик Ахметов, собиқ сарвазири Қазоқистон ва вазири дифои ба истеъфорафтаи ин кишвар, парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми ришвахорӣ боз шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии хадамоти давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Қазоқистон ин парванда дар доираи тафтиши фасодкории собиқ раҳбарияти вилояти Караганда боз шудааст. Манбаъ мегӯяд, ҳоло сарвазири пешини Қазоқистон дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Агентии мазкур афзудааст, ҳоло парвандаҳои ҷиноии вазнини фасоди молиро баррасӣ дорад, ки ба раҳбари пешини Караганда марбут мебошанд.

Серик Ахметов, ки аз соли 2012 инҷониб ба ҳайси вазири дифои Қазоқистон кор мекард, охирҳои моҳи октябр аз симати худ истеъфо дод. Ӯ ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ ба ин мақом таъйин шуда буд. Ахметов 66 сол дошта, зодаи вилояти Карагандаи Қазоқистон мебошад. Дар гузашта дар симатҳои шаҳрдорӣ, вазири нақлиёт ва коммуникатсия, сарвазири Қазоқистон ифои вазифа кардааст.

Вернуться назад