Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Даъвати Убайдуллоев ба иҷлосияи фаврӣ
Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015 > Даъвати Убайдуллоев ба иҷлосияи фаврӣ

Даъвати Убайдуллоев ба иҷлосияи фаврӣ


12 декабр 2014, 12:27. Разместил: MG
Имрӯз, 12 декабр дар пойтахти кишвар иҷлосияи фаврии 21-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати чорум баргузор мегардад. Тавре аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ин иҷлосия бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват шудааст.

Ба иттилио манбаъ, дар иҷлосияи шаҳрӣ аслан масоили марбут ба муайян кардани шумораи ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ташкили Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ хоҳанд шуд.

Интихоботи вакилони нави Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 марти соли 2015 баргузор хоҳад шуд.

Вернуться назад