Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Нигаронии ҲНИТ аз боздоштҳо дар арафаи Анҷумани пешазинтихоботӣ
Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015, Сиёсат, Тема дня > Нигаронии ҲНИТ аз боздоштҳо дар арафаи Анҷумани пешазинтихоботӣ

Нигаронии ҲНИТ аз боздоштҳо дар арафаи Анҷумани пешазинтихоботӣ


15 декабр 2014, 13:39. Разместил: MG
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз монеаэҷодкунии мақомот барои иштироки вакилонаш дар анҷумани ҳизбӣ хабар медиҳад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ба “Озодагон” гуфт, “субҳи имрӯз, 15 декабр Ҷамшед Худойдодов, майори Шӯъбаи умури дохилӣ дар ноҳияи Ҷиргатол Қурбоналӣ Саидмуродов, раиси бахши ҲНИТ дар ин ноҳияро ҳамроҳ бо ду вакили дигар, ки барои ширкат дар анҷумани 11-уми ҳизб ба Душанбе равон буданд, боздошт карда, онҳоро ба дафтари ШКД-и ноҳия мебарад”.

Ба қавли ҷаноби Файзраҳмонов, Худойдодов дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, “Ҳеч гап нест. Як ду гап дорем ва баъд озодашон мекунем”. Сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, навбатдори телефони боварии ВКД дар Душанбе бошад, ваъда кард, мушкилро фардо ҳал хоҳанд кард: “Навбатдор худро Шоҳинов муаррифӣ карда, гуфт, онҳо саъй мекунанд, то мушкилро то фардо ҳал созанд, аммо мо гуфтем, фардо дер мешавад ва онҳо наметавонанд дар анҷуман ширкат кунанд. Бо дахолати ВКД вакилон баъди се соат раҳо шуда, ҳоло дар роҳ ба сӯи Душанбе ҳастанд”.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов мегӯяд, ин аввалин ҳодисаи монеаэҷодкунии мақомот нест: “Соати 9-и бегоҳи рӯзи гузашта кормандони ШКД-и ноҳияи Сомонии пойтахт Шавкат Мухаммад, раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Ашт ва шаш вакили анҷумани ҲНИТ бо шумули се занро аз ноҳияи Ашт, боздошт карда, ба идораи ин ниҳод бурданд. Бо дахолати масъулини ҳизб ва баъди суҳбат бо навбатдори ВКД, онҳоро баъди беш аз як соат озод карданд”.

Вернуться назад