Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Шоҳиён: Тоҷикистон 1 миллион муҳоҷир надорад, ин дурӯғ аст
Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015, Сиёсат, Тема дня > Шоҳиён: Тоҷикистон 1 миллион муҳоҷир надорад, ин дурӯғ аст

Шоҳиён: Тоҷикистон 1 миллион муҳоҷир надорад, ин дурӯғ аст


16 декабр 2014, 12:53. Разместил: hd
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз, 16-уми декабр дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, омор дар мавриди як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дурӯғ аст.

Шоҳиён дар мавриди ифтитоҳи ҳамагӣ се нуқтаи овоздиҳӣ барои қариб як миллион муҳоҷири тоҷик изҳор дошт, ки ҳанӯз ба ташкили комиссияҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар оғоз накардаанд: “Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки комиссияҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар бо пешниҳоди Вазорати умури хориҷӣ ташкил мешаванд ва мо феълан ба ин кор оғоз накардаем. Он иттилоъ дар мавриди ифтитоҳи ҳамагӣ се нуқтаи овоздиҳӣ бепоя аст, чун феълан иттилои дақиқе дар ин маврид нест.”

Раиси Комиссияи интихоботӣ илова намуд, ки омор дар мавриди як миллион муҳоҷири тоҷик дар хориҷи кишвар низ воқеият надорад: “Тибқи иттилое, ки мо дорем, дар 11 моҳи соли равон аз Тоҷикистон 630 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки аз ин ҳудуди 400 ҳазор нафарашон баргаштаанд. Муҳоҷирони меҳнатии мо мавсимӣ сафар мекунанд. Чун интихобот дар парлумон 1-уми марти соли 2015, яъне зимистон баргузор мешавад, дар ин вақт аксари муҳоҷирон ба Ватан бармегарданд ва озодона метавонанд, дар интихобот ширкат кунанд."

Ин дар ҳолест, ки қаблан Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бо нашри як иттилоия теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки расман дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, ҳудуди 1 миллиону 100 ҳазор нафар арзёбӣ намуд.

Вернуться назад