Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Аграриҳо 14 нафарро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад карданд
Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015, Сиёсат > Аграриҳо 14 нафарро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад карданд

Аграриҳо 14 нафарро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад карданд


18 декабр 2014, 12:13. Разместил: MG
Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҷараёни анҷумани пешазинтихоботии худ эълон кард, 14 нафарро ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ кардааст.

Дар анҷумани ин ҳизб вакилон Рустам Латифзодаро раиси ин ташкилоти сиёсӣ интихоб кардаанд. Ӯ то ин замон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи райис дар ҲАТ фаъолият мекард.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки соли 2005 аз сӯи Вазорати адлия расман сабти ном шуд, ахиран эълон кард, теъдоди аъзоёнаш ба 47 000 расидааст.

Вернуться назад