Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Мақоми нави Муҳиддин Кабирӣ дар ҲНИТ
Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015 > Мақоми нави Муҳиддин Кабирӣ дар ҲНИТ

Мақоми нави Муҳиддин Кабирӣ дар ҲНИТ


25 декабр 2014, 16:11. Разместил: MG
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ягона ҳизби умдаи мухолифи кишвар аз таъсиси Ситоди интихоботии худ хабар дод, ки раҳбарияшро Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ташкилоти сиёсӣ бар душ доштааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, зимни як ҷаласа Ситоди омодагӣ ба интихоботи ҲНИТ ба Ситоди интихоботии ҲНИТ табдили ном кард. Ба гуфтаи ӯ, раҳбарии ситодро бевосита раиси ҲНИТ ба уҳда дошта, муовинони ӯ, ҳамзамон муовинҳои раиси Ситод маҳсуб мешаванд ва барномаи кории ситоду низомномаҳои бахшҳои он барои ду моҳ таҳия ва тасдиқ гаштанд: “Барои баррасии шикоятҳо, муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ва кумаки ҳуқуқӣ ба номзадҳо, нозирон ва интихобкунандагон, бахши ҳуқуқӣ ташкил карда шуд, ки дар он изофа ба ҳуқуқшиносони ҳизб, мутахассисон аз берун низ даъват карда мешавад. Бахш вазифадор аст, ки ҳамкориро бо ҳама ниҳодҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба роҳ монад ва дар рафти интихобот бо онҳо ҳамкории зич дошта бошад. Ташкили гуруҳҳои ҳуқуқӣ дар вилоятҳо низ яке аз масъулиятҳои ин бахш мебошад”.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов мегӯяд, бо қарори ситоди ҲНИТ, инчунин бахшҳои кор бо муҳоҷирин, назорати интихобот дар хориҷ ва кор бо номзадҳои марказиву маҳаллӣ таъсис шудааст: “Барои фаъолияти босамар ва саривақтии ситоди марказӣ ва ситодҳои маҳаллӣ, қарор шуд, ки кормандон, номзадҳо ва нозирон дар ҳама сатҳҳо бо воситаҳои муосири иртиботгирӣ, наворбардорӣ ва ирсоли аксҳову наворҳо таъмин карда шаванд. Барои назорат аз раванди баргузории интихобот, ба хусус марҳалаҳои овоздиҳӣ, ширкати мардум ва рафти шумориши овозҳо бояд бо ҳама ҳизбҳо, номзадҳо, расонаҳо ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳамкории зич намуд. Бинобар ин, қарор шуд, ки имкониятҳои Ситоди марказии ҲНИТ ва ситодҳои маҳаллӣ дар сурати зарурат ба ихтиёри ҳизбҳо, номзадҳо, шахсони боэътимод ва ҳар каси дигар, ки тарафдори шаффофияти интихобот мебошад, гузошта шавад”.

Ӯ афзуд, инчунин Ситоди интихоботии ҲНИТ вазифадор шудааст, мизи гирд бо ширкати мақомоти давлатӣ, аҳзоб, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо оид ба риояти фарҳанги сиёсӣ ва қоидаҳои рақобати солим ҳангоми интихобот, баргузор намояд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 16 декабр Анҷумани пешазинтихоботияшро баргузор намуда, эълон кард, 28 нафарро ба ҳайси номзад аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 интихоб кардааст.

Вернуться назад