Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Шикояти ҲНИТ аз “сюрприз”-и мақомоти Қумcангир
Главная > Тоҷикистон, Интихобот - 2015, Дидгоҳи хос, Тема дня > Шикояти ҲНИТ аз “сюрприз”-и мақомоти Қумcангир

Шикояти ҲНИТ аз “сюрприз”-и мақомоти Қумcангир


5 январ 2015, 10:09. Разместил: MG
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз эҷод шудани монеаҳои сунъӣ дар рафти баргузории конфронсҳои интихоботии бахшҳои худ дар вилояти Хатлон шикоят дорад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 5 январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Шӯъбаи маориф ва илми ноҳияи Қумсангир дар толоре, ки қарор буд, имрӯз конфронси интихоботии ноҳиявии онҳо баргузор шавад, бидуни огоҳияшон ҷаласа доир кардааст. Файзраҳмонов мегӯяд, баргузории ҷаласаи ҳисоботии Шӯъбаи маориф ва илм дар толори бинои “Райпо”-и ноҳияи Қумсангир дар ҳолест, ки онҳо барои гузарондани конфронси интихоботии бахшҳои ҲНИТ дар навоҳии Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир ва Панҷ дар он аз Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳия иҷоза гирифта буданд: “Ҳангоми муроҷиати мо ба ҳукумати маҳаллӣ гуфтанд, баргузории ҷаласаи ҳисоботии Шӯъбаи маориф рӯзи 4 мувофиқа шуда ва аз сабабе, ки ҳоло на раиси дастгоҳ ва на муовинаш ҳозир нестанд, чизе гуфта наметавонанд.”

Ба қавли Маҳмудҷон Файзраҳмонов, бояд дар ин конфронс номзадии вакили ҲНИТ ба интихоботи моҳи марти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи рақами 33 пешбарӣ мешуд: “Соати 11:00-и имрӯз бояд конфронси мо оғоз мешуд ва барои баргузории он рӯзи 3 январ аз раиси ноҳия иҷоза гирифта будем. Вале субҳи имрӯз мебинем, Шӯъбаи маориф ва ҳукумати маҳаллӣ барои мо як “сюрприз”-е омода кардаанду дар толоре, ки мо онро давоми се рӯз, тозаву ба таритиб даровардаем, ҷаласаи ҳисоботии худ бо иштироки тамоми муаллимони ноҳияро баргузор кардааст ва масъулини шӯъба мегӯянд, ҳоло намедонанд, ҷаласаи онҳо то кай тул мекашад.”

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад.


Акс аз рафти ҷаласаи Шуъбаи маориф ва илми ноҳияи Қумсангир

Вернуться назад