Главная > Тоҷикистон > Субҳон Ҷалилов: Садои “Ватан” акнун дар Хуҷанд ҳам қобили шунидан аст

Субҳон Ҷалилов: Садои “Ватан” акнун дар Хуҷанд ҳам қобили шунидан аст


5 январ 2015, 15:41. Разместил: MG
Ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ватан” мегӯяд пахши барномаҳояшро дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд низ роҳандозӣ кардааст.

Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои радиои “Ватан” имрӯз, 5 январ ба “Озодагон” гуфт, дар Хуҷанд барномаҳои радио рӯи мавҷи 103,3 ФМ қобили шунидан аст.

Хабари фаъол шудани радиои “Ватан” дар маркази вилояти Суғд дар ҳолест, ки охирҳои соли сипаришуда он дар шаҳри Хоруғи вилояти мухтори куҳистони Бадахшон низ ба пахши барномаҳояш рӯи мавҷи 105 ФМ шурӯъ карда буд. Чанд сол қабл мавҷи ин радио барои сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ва атрофи он (102,4 ФМ) ҳам дастрас гардида буд.

Субҳон Ҷалилов мегӯяд, фаъол шудани “Ватан” дар маркази се вилояти Тоҷикистон анҷоми кор нест: “Ният дорем, ояндаи наздик пахши барномаҳои радиоро тавассути интернет ба роҳ монем”.

“Ватан” яке аз радиоҳои сершунаванда дар шаҳри Душанбе буда, дар пойтахти кишвар ва атрофи он рӯи мавҷи 106 ФМ пахш мешавад. Радиои “Ватан” фаъолияти худро 7 майи соли 2003 оғоз кард ва шиораш "Садои "Ватан" дар фазои Ватан аст". Барномаҳои ин радио дар чанд озмун ғолиб дониста шуда, ахиран ширкати “Зеркало” дар пайи як назарпурсӣ миёни шунавандаҳо онро “Махбубтарин радио” эълон кард. “Ситораҳои асри нав” ва “ТОП 50” аз лоиҳаҳои бузурги он маҳсуб мешаванд. “ТОП 50” ҳамасола баргузор шуда, ҳадафаш муаррифии афроди хушсалиқаи Душанбе аст.

Вернуться назад