Главная > Тоҷикистон, Ҳуқуқи инсон, Иҷтимоӣ, Дидгоҳи хос, Тема дня > Баҳси “калкунӣ”-и зани фоҳиша: Сазои раҳмат ё лаънат? (ВИЕДО)

Баҳси “калкунӣ”-и зани фоҳиша: Сазои раҳмат ё лаънат? (ВИЕДО)


4 феврал 2015, 11:31. Разместил: hd
Шеваи “муҷозот” – тарошидани мӯйи сари зани миёнсоле барои танфурӯшӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавриди баҳс қарор гирифт.

Дар наворе, ки ахиран ба интернет роҳ ёфт, гуруҳи ҷавонони тоҷик мӯйи сари зани миёнсолеро тарошиданд. Тавре дар навор дида мешавад, ҳар чанд ин зан мегӯяд, тавба кардаасту дигар ба ин роҳ намеравад, аммо ноширон ё “қаҳрамонҳо”-и навор аз қасди худ барнамегарданд.

Бархе аз корбарон аз ин шеваи “муҷозот” ҷонибдорӣ карда, онро яке аз роҳҳои аз байнбарии танфурӯшӣ миёни занон донистаанд. Аммо дар ин баробар шумораи онҳое низ кам нест, ки зидди ингуна иқдом буда, онро роҳи ҳалли ин мушкил намедонанд.

Эраҷ Назаров, яке аз корбарони фаъоли Фейсбук, ки аз мухолифони ин гуна иқдом аст, мегӯяд, роҳи нодуруст ҳеч гоҳ роҳи ҳал шуда наметавонад:” Гумон мекунед, ки бо тарошидани мӯйи ӯ корро ҳал мекунед? Чаро ин чизро дар доираи қонун ҳал намекунед? Ҳар чӣ набошад мо ҳаққи касеро бо чунин роҳҳо ҷазо доданро надорем.”

Нашри ин гуна наворҳо бори аввал нест ва қаблан низ наворе дар интернет паҳн гардида буд, ки ҷавонони тоҷик ду занро дар фоҳишагӣ ва паст задани номи тоҷик муттаҳам карда, бо таҳдиди “калкунӣ” ба гиряю зорияшон нигоҳ накарда, маблағҳояшонро гирифтанд. Ин ду зан, ки худро зодаи вилояти Суғди Тоҷикистон муаррифӣ намуданд, далели даст задан ба фоҳишагиро ночорӣ ва зарурати таъмини фарзандонашон арзёбӣ карданд.

Гарчанде чунин ҳолатҳои “говсуд” кардани занони фоҳиша дар Тоҷикистон кам нестанд, мақомоти пулис мегӯяд, то муроҷиат нашавад, онҳоро таҳқиқ нахоҳанд кард.



Вернуться назад