Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Акс > Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

Аксияи ҲХДТ дар “Пойтахт”: Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ? (АКС)

23 феврал 2015, 11:08. Разместил: hd
Рузи якшанбеи 22 феврал бо як супориш аксар донишҷӯёни макотиби олии пойтахт, хонандаҳои мактабҳои миёна, кормандони ниҳодҳои давлатӣ ба боғи “Пойтахт” соати 7:30 бо баҳонаи иштироки Президент дар кадом чорабиние сафарбар шудаанд, навиштаанд чанд иштирокчии ин чорабинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Вале то соати 10:00 онҳо пушти дарҳои боғ мунтазир мемонанд, ки ба гуфти баъзе иштирокчиён масъулин онҳоро на вориди боғ шудан мондаанду на ба хона рафтан.

Ин чорабиниро на расонаҳои хабарии давлатӣ, на торнамои ҲХДТ, на саҳфаҳои марбут ба ҲХДТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳу тафсир ва ё бозтоб накардаанд, балки барои даъватшудаҳо аз оғоз фаҳмонда нашуда будааст, ки онҳо куҷо омадаанд. Танҳо замоне, ки раҳбарияти Душанбе бо дигар мансабдорон ва роҳбарони ҲХДТ, аз ҷумла Асрор Латифов, муовини ҲХДТ вориди боғ шудаанд, фаҳмидаанд, ки онҳоро куҷо овардаанд.

Баъдан маълум шуда, инҷо аксияи ҲХДТ вобаста ба интихобот будаасту аз ҳама даъват шудааст, ба ҲХДТ овоз диҳанд. Баъзе аз фаъолони ҷомеа инро ҳамоиши Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон унвон кардаанд, аммо аз шиору овеза ва пустерҳо таблиғоти ҲХДТ ба чашм мерасад.

Яке аз корбарони Фейсбук дар гуруҳи “Я душанбинец” бо номи Фабиано Мавлянов аз ин чорабинӣ навиштааст: “Имруз, 22 феврал, дар ягона рӯзи истироҳатӣ дар ҳафта, яъне дар рӯзи якшанбе, мо, кормандони идораҳои давлатиро ба маънои воқеии калима ғайриихтиёр, соати 7.30 ба боғи “Пойтахт”, ки дар Лучоб аст, бурданд. Дақиқан 2 соат мо пеши дарвоза рост истодем, бекор.... Баъдан, соати 10-и расои субҳ моро ба даруни боғ ронданд, мисли ин ки бароо мо дар онҷо ҳама чиз намоиш дода мешавад. Дар натиҷа мо чӣ доштем? Дар дохил мо фаҳмидем, ки мо, яъне ҳамаи шаҳр (Душанбе –“Озодагон”) барои тарғиб ва ба ҲИЗБИ ДЕМОКРАТӢ (манзур ҲХДТ) райъ додан сарҷамъ шудаем. Мо фаҳмидем, ки ин бар асоси коғаз будааст. Баъди гардиш мо қарор додем, ки берун шавем, ки дар натиҷа ба мушкиле мувоҷеҳ шудем, ки хилофи демократия мебошад. Моро нагузоштанд аз боғ берун биравем. Дарвозаро барои мо баста буданд ва баромаданро манъ намуда буданд. Савол. Оё ин ҳамон демократияе мебошад, ки мо уҳдадор ҳастем, ки барояш райъ бидиҳем? Барои Шумо аз ҷойи воқеа гузориши аксӣ пешниҳод мекунам, аз ҷойе, ки мо, аз ҷумла кӯдакон, занҳо, пиронсолонро мисли ваҳшиён дар боғи ҳайвонот дар баста буданду бо хушунат таҳдид мекарданд. Куҷост демократия? Барои чӣ ягона рӯзи истироҳатро мо вазифадор будаем, мисле ки дар аксҳо ҳаст, бигузаронем? Чӣ гуна барои демократия райъ бидиҳем, дар ҳоле ки он дар варақу коғаз аст? Уффф...”

Ин шикояти иштирокчиён дар ҳолест, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон иҷборан ҷалб кардани шаҳрвандон, хусусан донишҷӯён ва хонандагони мактаб ба корҳои сиёсӣ мамнӯъ мебошад. Эҳсон Хушвахтов, сухангӯи Вазорати маориф ва илм далели иҷборан ҷалб шудани хонандаҳо ва донишҷӯёнро рад мекунад ва ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, “ин як эълон буд, ки аз ҷониби гуруҳи тарғиботии ҲХДТ расонда шудааст ва касе ҳам агар рафта бошад, ихтиёр рафтааст, на иҷборӣ”.

Вернуться назад